Дилӣ дорам ки тоқати кор ӯ нест
Таҳаммули ғайри айбу ор ӯ нест
Дилӣ дорам ки қулзумҳои маввоҷ
Ҳарифи оҳи оташи бор ӯ нест
Дили сахтам ба роҳат май ситезад
Фалакро даст бар озор ӯ нест
Нишоти андалеб аз буи ва рангаст
Навой мо зи мўсиқор ӯ нест
Куҷои сунъони куҷои Бағдоди мисатон ?
Ано алҳақ гӯи сиррӣ бар дор ӯ нест
Куҷо бошад ба банду қайди дастор ?
Сари маҷнӯн , ки ҷузи сарбор ӯ нест
Марӣзи ишқро мурдан алоҷаст
Давои дард дар бозор ӯ нест
Сар мурғӣ напарад дар камӣнгоҳ
Ки обу дона дар минқор ӯ нест
Забон бозӣ кунад сӯсан аз онаст
Ки оби шарм дар рухсор ӯ нест
Ба ин шуд каъба аз кӯии ту мумтоз
Ки рашкӣ бар дару девор ӯ нест
« назирӣ » ин абир аз ишқ созад
Кадомин атр каз гулзор ӯ нест