Зеботарин ашёи фаррухтарин аъён
Аз ҳарчӣ ҳаст пайдои ваз ҳарчӣ ҳаст пинҳон
Аз мурғҳо ҳазораст аз вақтҳо саҳаргаҳ
Аз фаслҳо баҳораст аз навъҳост инсон
Аз аҳдҳо шабобаст аз обҳо шароб аст
Аз анҷум офтобаст аз моҳҳост Нитсаон
Аз сангҳо дили дӯст аз айшҳо ғам ӯст
Аз теғҳост абрӯ аз дашнаҳост мижгон
Аз зебҳост афсар аз таййибҳост анбар
Аз ъзўҳости дида аз халқҳост эҳсон
Аз авлиёст ҳайдар аз ҳавзҳост кавсар
Аз шохҳост тўбо аз боғҳост ризвон
Аз анбиёи Муҳамад аз шаҳрҳо Мадина
Аз хусравони шҳншаҳ аз маликҳост Эрон
Аз бҳрҳости он дил аз абрҳости он каф
Аз рӯҳҳост он тан аз ақлҳост он ҷон