Умр бигузашт ва намондаст ҷузи айёмӣ чанд

Ба ки бо ёд касе субҳ шавад шомӣ чанд

Ба ҳақиқат набӯд дар ҳамаи олами ҷузи ишқ

Зуҳду риндӣу ғаму шодӣ аз ӯ номӣ чанд

Заҳмати бодия ҳоҷат набӯд дар раҳи дӯст

Хоҷа бархезу буруни ои зи худ гомӣ чанд

Табъи хокии бунау чок бар афлок андоз

Мурғ каз дом бар ояд чаҳ буд бомай чанд

Мурғи дил дар талаби донаи холати машғӯл

Ман чаҳ бокам буд аз сарзаниши омӣ чанд

Хами зулфат ба биногваш сарафканда бимонад

Каз дил ғам зада будаш ба ту пайғомӣ чанд

Оташӣ бар сари ин кӯй барафрӯхт нишот

Дар нагирад вале аз шуъла ӯ хомӣ чанд