Об гӯ бигузар зи сари ин хона ро

Вақт шуд , вайрон кун ин вайрона ро

Суфиёни мустанаду зоҳид бе хабар

Аз ки пурсами ман раҳи майхона ро

Шуъла ӣ шамъаст коташ зад бҷмъ

Хоҷагар сӯзад чаҳ ғами парвона ро

Масти он базмам ки мастонаш кунанд

зи оби шамшери ту пари паймона ро

Ишқ навбат мезанад бар боми қаср

Каз ҳавас холӣ кунед ин хона ро

Ошнои ҳалқа бар дар мезанад

Кист то берун кунад бегона ро

Хутба мехонд баноми дӯсти ишқ

эй хирад кӯтоҳ кун афсона ро

Ишқ бо девонагӣ ! ҳошои нишот

Ишқ оқил мекунад девона ро