Бозуи мсози ранҷа ки мо худ фитода ем
Гардан ба теғу сар ба камандат ниҳода ем
Ҷонгар буд сазои ту бар каф гирифта ем
Сар гар сазад ба пои ту аз даст дода ем
Ойӣнаи сони длист ба сайқали сарои ишқ
Моро ки нақш ҳо бипазирем ва сода ем
Дар остони майкада охир кунанд хок
Моро ки ҳам нахуст аз он хок зода ем
Дар мавҷ баҳр ҳастӣ аз эҳтизози ишқ
Мо ҳамчуи моҳён ба соҳил фитода ем
Душман мабош ғарра ба бозуии худ ки мо
Сар бар муроди дӯст ба чавгон ниҳода ем
Бар чашма ҳаёт набандем дил ки чашм
Бар хоки пои хусрави олам кушода ем