Ҳавасӣ кардаам имрӯз ки девона шавам

Дасти дили гирам ва аз хона ба вайрона шавам

Зоҳид аз маҷлиси мо гар наравад гӯ наравад

Хона бигзорам ва аз хона ба майхона шавам

Суст шуд поя ва ҳам рахна дар афтод ба сақф

Пештар зонка фурӯд ояд аз ин хона шавам

Заҳмат хасм кунам кӯтаҳ ва аз раҳмати дӯст

Қиссаҳо созаму зоФсонаҳ ба афсона шавам

Ёри ёрадгару хасм дигар хасми нишот

Вақт онаст ки ман аз ҳама бегона шавам