Сартосари олам ба тани имрӯз сиррӣ нест

Каз хок дар шоҳи ҷаҳонаш асарӣ нест

Дар кори дили ғами здгонт назарӣ нест

ё аз ман дили хаста ҳанузат хабарӣ нест

Ҳайрат зада медид ба ҳоли ман ва ме гуфт

Пиндоштам аз зулфи ман ошуфта тарӣ нест

Ҳар сӯ ки наҳй рӯй сар аз хеш бар оре

То нагузарӣ аз хеш ба сӯяш гузарӣ нест

Он чашма ки гӯйанд ниҳон дар зулмот аст

Гар ҳаст ба ҷуз дар дили шаби чашм тарӣ нест

Бар ман ба ҳақорат нигарад шайх ва надонад

Комрўз ба майхона чу ман муътабарӣ нест

Айбам макун эй хоҷа ба расвоӣу мастӣ

Ман дилхуш аз инам ки ҷузи инам ҳунарӣ нест

Имрӯзи нишоти ин ҳамаи афсурда чарое

Бар сари магар аз бодаи дӯшат асарӣ нест