Ҳар балое казу расед маро
Ба атое диҳад навиди маро
Дӯш аз зулф ва абрувон ме дод
Гоҳи биму гуҳии умеди маро
Гуҳ ба шамшер мебурид аз ман
Гуҳ ба занҷир мекашид маро
Ман ҳамон бандаам ки нодида
Ба баҳои гарони хариди маро
Айб ӯ набӯд ар ба ҳеҷ фурухт
Бар ману айби ман чу дид маро
Ситамаши хосу неъматаш ом аст
Хоссаи баҳр ситам гузид маро
То бигӯед ки ин нишот манаст
Бо ғам хеш парваред маро