Маии имшаби магар дар хонаи мост
Ки олами равшан аз кошонаи мост
Ба ободӣ мабар эй хоҷаи ранҷӣ
Бибин ганҷӣ ки дар вайронаи мост
Маломатҳо ки бар ман кардӣ имрӯз
Раво бар носеҳи фарзонаи мост
Бигӯ бо оқилони занҷири зулфаш
Насиби ин дили девонаи мост
Ба ҳарҷо шамъ ӯ маҷлис фурӯз аст
Сазоӣ сӯхтани парвонаи мост
На ҳар обии нишот ангез бошад
Шаробии ҷӯ ки дар майхонаи мост