Пайванди ғамат гусастанӣ нест

Сайди ту зи қайд растанӣ нест

Паймона шикастаему хам низ

Ин тавба дигар шикастанӣ нест

Гардӣ ки зи роҳи ақли хезад

Бар домани мо нишастанӣ нест

Аҳдӣ ки тавон гусастан ӯ ро

Дар мазҳаби ишқ бастанӣ нест

Меҳр аз азаласт ва то абад ҳаст

Пайвастанӣ ва гусастанӣ нест

Пайванди зи зулф дӯст дорад

Ин аҳд дигар гусастанӣ нест