эй намӯдӣ аз вуҷӯдат буд ман
Дарди ту сармояи беҳбуди ман
Дар зи файзи худ ба рух бикшодем
Ҳар чаҳро лоиқ бидидӣ додем
Аз дарат чун сохтам сози сафар
Кардам аз онҷо чу оғози сафар
Зоди роҳу тӯша ва сармоя ам
Ҳам ту худ додӣ ба қадар поя ам
Гар дар ин савдо зиён оварда ам
Ҳар чаҳро барадам ҳамон оварда ам
Гарчи умрами сарфи исён ту шуд
Врчаҳи исёни ҳам ба фармон ту шуд
Ин замони пешат ба подоши гуноҳ
Набудам ғайр аз забонии узрхоҳ
Аз гуноҳ худ надорам ҳеҷ бим
Толиби бахшиш буд бе шаки Карим
Бар карӣмии ту изъон карда ам
Пешат аз ҷурм армағон оварда ам