Шаҳ ба ноз ва нишот шуд машғӯл
Каз даҳ ва гир гашта буд малул
Кори ҳаряки чунонкӣ буд ба сохт
Пас ба тадбири кор худ пардохт
Ба фароғат ба ком дил бинишаст
Душманони зери пой ва май дар даст
Ёдаш омад ҳадиси он устод
Кон сифат карда буд пешини ёд
Ваон сароча ки ҳафт пайкар буд
Балки артнги ҳафт кишвар буд
Меҳри он духтарони ҳури сиришт
Дар дилаши тухми меҳрбонии кишт
Кӯруш онгаҳ зи ҳафт ҷӯш нишаст
Комади он ҳафт кимиёаш ба даст
Аввалин духтар аз нажоди каён
Буд лекини падар шудаи зи миён
Хосташ бо ҳазор хоста беш
Гавҳарӣ ёфт ҳам зи гавҳари хеш
Пас ба хоқон равона кард бурид
Бархе аз меҳр ва бархе аз таҳдид
Духтараши хост бо хазонау тоҷ
Бар сари ҳардуи ҳафт солаи хароҷ
Дод хоқони хароҷу духтару чиз
Ҳамли динору ганҷи гавҳар низ
Вонгаҳе трктоз кард ба рӯм
Дар фиканд оташӣ дарон бару бум
Қайсар аз бим бар назд нафасӣ
Духтараш доду узри хости басӣ
Кас фиристод сӯии мағриби шоҳ
Бо зари мағрибӣу афсару гоҳ
Духт ӯ низ дар канор оварад
Зиракии байн ки чу ба кор оварад
Чун сеӣ сарви барад азон бустон
Рафт аз онҷо ба малики ҳндстон
Духтари ройро ба ақл ва ба рой
Хост ва оварад коми хеш ба ҷой
Қосидаш рафту хост аз хоразм
Духтари хуб рӯй дар хури базм
Ҳамчунон нома кард бар сақлоб
Хости зебои рухӣ чу қатраи об
Чун зи кишвари худои ҳафт иқлӣм
Ҳафт лаъибати ситад чу дар ятем
Аз ҷаҳони дил ба шодмонӣ дод
Дод айши хуш ва ҷавонӣ дод