Сухан чун шуд ба маъсӯмони ҳўолт

Малик пурседаш аз тоҷи рисолат

Ки шахсе дар араб даъвӣ кунад кист ?

Ба нисбати дайн ӯ бо дайн мо чист ?

Ҷавобаш дод кони ҳарфи илоҳӣ

Бурунаст аз сипедӣу сиёҳӣ

Ба гунбад дар кунанд ин қавми новирд

Бурун аз гунбадаст овози он мард

На з анҷум гуяд ва наз чархи аълоаш

Ки нақшанд ин ду ӯ шогирди наққош

Кунад болои ин на пардаи парвоз

Неам зон парда чун гӯям аз ин роз ?

Макун бозии шҳо бо дайни тозӣ

Ки дайн ҳақаст ва бо ҳақ нест бозӣ

Биҷӯшед аз наҳифи андоми парвиз

Чу андоми кабоб аз оташи тез

Вале чун бахт пирӯзӣ набӯдаш

Салои Аҳмадӣ рӯзӣ набӯдаш

Чу ширин дид кони деринаи устод

Дар ганҷи сухан бар шоҳ бикшод

Сано гуфташ ки эй пери ягона

Надида чун туе чашми замона

Чу бар хусрави кушодии ганҷи конӣ

Насибии даҳ маро низ ар туоне

Калидӣ кун на занҷирӣ дар ин банд

Фрўхўон аз Калилаи нуктае чанд