Чу омад зулфи шаб дар атри сое
Ба торикӣ фурӯ шуд равшаноӣ
Бурун омад зи пардаи сҳрсозӣ
Шаш андозӣ ба ҷои шишаи бозӣ
Ба тоъат хона шуд хусрав камарбаст
Ниёйиш кард яздонро ва бинишаст
Ба бархӯрдорӣ омад хоби нӯшин
Ки бар нохӯрда буд аз хоби дӯшин
Ниёии хештанро дид дар хоб
Ки гуфт эй тозаи хуршеди ҷаҳони тоб
Агар шуд чори мавлои азизат
Бишорат май даҳум бар чори чизат
Яке чун туршии он ғӯра хӯрдӣ
Чу ғӯра зон тршрўиӣ накардӣ
Длоромии туро дар бар нишинад
Казу ширинтарӣ даврон набинад
Дувум чун мураккабатро пай буриданд
Вазон бар хотират гардӣ надиданд
Ба шбрнгии рисии шабдизи номаш
Ки сарсари дрнёбди гирди гомаш
Сим чун шаҳ ба деҳқон дод тахтат
Вазон тундӣ нашуд шӯридаи бахтат
Ба дасти ореи чунон шоҳонаи Тахтӣ
Ки бошад рост чун заррини дарахтӣ
Чаҳорум чун сабурӣ кардӣ оғоз
Дар он парда ки мутриби гашт бе соз
Наво созӣ диҳандат борбади ном
Ки бар ёдаши гўорди заҳр дар ҷом
Ба ҷои санг хоҳӣ ёфтан зар
Ба ҷои чори муҳраи чори гавҳар
Малики зода чу гашт аз хоби бедор
Парастиш кард яздонро дигар бор
Забонро рӯзу шаб хомӯш ме дошт
Намӯдори ниёро гӯш ме дошт
Ҳамаи шаб бо хирадмандони нхФтӣ
Ҳикоят боз пурседӣ ва гуфтӣ