Чу мшгини ҷаъди шабро шона карданд

Чароғи рӯзро парвона карданд

Ба зер таҳта нарад обнӯсӣ

Ниҳон шуд къбтини сндрўсӣ

Бар омад муштарии маншур бар даст

Ки шоҳ аз банду шопӯр аз бало раст

Дар он дайри куҳани фарзонаи шопӯр

Фурӯ осуд каз раҳ буд ранҷур

Дурустии хост аз перони он дайр

Ки буданд огаҳ аз чархи куҳани сайр

Ки фардои ҷои он хубон кадом аст

Кадомин обу сабзишон мақом аст

Хабар доданаш он фарзонаи перон

зи нузҳати гоҳи он иқлӣми гирон

Ки дар поёни ин кӯҳи гарони санг

Чаман гоҳеаст гардиши бешае танг

Саҳаргаҳи он сеӣ сарвони сармаст

Бидон мшгин чаман хоҳанд пайваст

Чу шуд даврони санҷобӣу шқи дуз

Смўр шаб наҳуфт аз қоқми рӯз

Сар аз Албурз бар зад ҷурми хуршед

Ҷаҳонро тоза кард ойини ҷамшед

Пгаҳтар зон батон ъушрати ангез

Миён дар басти шопӯри саҳархез

Бар он сабза шабихун кард пешӣ

Ки бо он сурхи гул ҳо дошт хешӣ

Хуҷаста коғазӣ бигирифт дар даст

Ба айнаи сӯрати хусрав дар ӯ баст

Бар он сӯрат чу санъат кард лухтӣ

Бдўсонид бар соқи дарахтӣ

Вази он ҷо чун парӣ шуд нопадедор

Расиданди он прирўёни приўор

Ба сарсабзӣ бар он сабза нишастанд

Гуҳии шамшоду гуҳи гули дастаи бастанд

Гуҳ аз гулҳо гулоби ангихтндӣ

Гуҳ аз хандаи тбрзди рихтндӣ

Арӯсонеи заношӯйии надида

Ба кобӣн аз ҷаҳони худро харида

Нишаста ҳар яке чун дӯст бо дӯст

намегунҷид кас чун ғунча дар пӯст

намеовараданд ва дар медил нишонданд

Гул овараданд ва бар гул ме фишонданд

Ниҳодаи бода бар кафи моҳу анҷум

Ҷаҳони холии зи деву деви мардум

Ҳамаи тани шаҳвати он покизагон ро

Чунон коӣин буд дӯшизагон ро

Чу муҳаррам буд ҷой аз чашми ағёр

зи мастӣ рақсашон оварад дар кор

Гуҳ ин медод бар гулҳо дурудӣ

Гуҳ он мегуфт бо булбули сурӯдӣ

Надонистанд ҷузи шодии шуморӣ

На ҷузи хуррами дилии диданди корӣ

Дар он ширини лабони рухсори ширин

Чу моҳӣ буд гирди моҳи парвин

Ба ёди меҳрбонон айш ме кард

Гуҳӣ медод бода гоҳ ме хӯрд

Чу худбин шуд ки дорад сӯрати моҳ

Бар он сӯрат фитодаш чашм ногоҳ

Ба хубон гуфт кон сӯрат биёред

Ки кардааст ин рақам ? пинҳон мадоред

Биовараданд сӯрати пеши дили банд

Бар он сӯрат фурӯ шуд соъатӣ чанд

На дил медод азуи дил бар гирифтан

На май шоистши андар бар гирифтан

Ба ҳар дидорӣ аз вай маст ме шуд

Ба ҳар ҷомӣ ки хӯрд аз даст ме шуд

Чу медид аз ҳавас мешуд дилаши суст

Чу мекарданд пинҳон , боз май ҷуст

Нигаҳбонони бтрсиднд аз он кор

Каз он сӯрат шавад ширини гирифтор

Дариданд аз ҳам он нақш гузин ро

Ки ранг аз рӯй барадии нақши чин ро

Чу ширини номи сӯрати барад , гуфтанд

Ки он тимсолро девон наҳуфтанд

Парӣ зораст азин саҳро гурезем

Ба саҳроӣ дигар уфтем ва хезем

Аз он миҷмар чу оташи гарми гаштанд

Сапандӣ сӯхтанд ва дар гузаштанд

Кавокибро ба дӯд оташ нишонданд

Ҷнибтро ба дигари дашти ронданд