эй олами ҷону ҷони олам

Дилхуш кун одамӣу одам

Тоҷи ту варои тоҷи хуршед

Тахти ту фузуни зи тахти ҷамшед

Ободии олам аз тамомият

Возодии мардум аз ғуломят

Мавло шудаи ҷумлаи мамолик

Тўқиъи туро ба сҳи злк

Ҳам малики ҷаҳон ба ту макрам

Ҳам ҳукми ҷаҳон ба ту мусаллам

Ҳам хутбаи ту тарози ислом

Ҳам сиккаи ту Халифаи эҳром

Гар хутбаи ту дманд бар хок

Зари хезад аз ӯ ба ҷои хошок

Вари сикка ту зананд бар санг

Кас дар назанад ба симу зари чанг

Розӣ шуда аз бузургворят

Давлат ба итоқи найзаи дорят

Мирохўрии ту чархро кор

Коҳу ҷӯ аз он кашад дар анбор

Онч аз ҷӯу коҳ ӯ нишон аст

Ҷӯи хӯшау коҳ каҳкашон аст

Барадии зи ҳавои латифи хуӣ

Вази боди сабои абири бӯе

Файзи ту ки чашма ҳаёт аст

Рӯзии даҳ асл ИМАот аст

Полудаи роўқи рабиъӣ

Хоки қадами ту аз мутӣъӣ

Ҳарҷо ки дилӣаст қоф то қоф

Аз бандагӣ ту мезанад лоф

Чун дасти зафари кулоҳи бахше

Чун фазли худои гуноҳи бахше

Боқӣаст ба малик дар сиёсат

Пеш ва пас малик ҳаст пост

Гар пеш рӯй чароғи роҳӣ

Вар пас бошӣ ҷаҳони паноҳӣ

Чун машъалаи пеши байни мувофиқ

Чун субҳи пасини муниру содиқ

Девони амали нишони ту дорӣ

Ҳукми амали ҷаҳони ту дорӣ

Онҳо ки дар ин амал раисанд

Бар хоки ту абда ӯ нависанд

Муставфии ақлу мушаррафи рой

Дар мамлакати ту кори фармой

Давлат ки нишона мурод аст

Дар ҳақи ту соҳиб эътиқод аст

Нусрат ки адуи азуи гурезад

Аз сояи давлати ту хезад

Гӯйии амалат ки нур дида аст

Аз давлату нусрат офарӣда аст

Бо ҳар ки ба ҳукми ҳам набардӣ

Бандии камари ҳазор мардӣ

Беонкӣ ба хӯн кунӣ буриш ро

Дар доманаши афкании сараш ро

Вонкс ки назари бадви расонӣ

Бар тахти саодаташи нишоне

Бар фатҳи нависии ояташ ро

Вобод кунӣ вилояташ ро

Гарчи назари ту бар Низомӣ

Фархунда шуд аз баланди номӣ

ӯ низ ки посбон кӯй аст

Бар давлати ту хуҷаста рӯй аст

Мурғӣ ки эй ном дорад

Чун фаррухӣ тамом дорад

Ин мурғ ки меҳри тести мояи ш

Нашигифт ки фаррухаст сояи ш

Ҳар мурғ ки мурғ субҳгоҳ аст

Вирди нафасаши дуоӣ шоҳ аст

Бо рифъату қадар ном дорад

Бар фатҳу зафар мақом дорад

Бо рифъату қадари боди ҷоҳат

Бо фатҳу зафари сариру гоҳат

Олами ҳамаи солаи хуррам аз ту

Маъзул мабод олам аз ту

Иқболи мутӣъу ёри бодат

Тавфиқи рафиқи кори бодат

Чашми ҳамаи дӯстони кушода

Аз давлати шоҳу шоҳзода