Ҳазар кун зи оҳи ҷаҳони гири ман
Ки ногуҳ хӯрд бар ҳадафи тири ман
Натарсӣ ки рӯзӣ ба дард оварад
Дили нозукати оҳи шаби гири ман
Манам он ки оҳаш лақаб ме ниҳанд
Ҷаҳонӣ бисӯзад зи таъсири ман
Маломат макун бар ман аз бе худӣ
Ки эзад чунин кард тақдири ман
Дил ҳар ки девона зулф туаст
Гирифтор бошад ба занҷири ман
Магар аз ту бошад қбўлитӣ
Вагарна маҳоласт тадбири ман
На охири нзории зор ту ам
Бибахшоӣ бар нолаи зери ман
Азобӣ шадидаст ҳиҷрони ту
Хатое азимаст таъхири ман