Моҳи ман эй сарви сими андоми ман
Аз даҳонат кӣ барояд коми ман
Раҳм кун эй зиндагонӣ раҳм кун
Бар дил бесабр бе ороми ман
То ба ширинии баромади номи ту
Талх шуд Фарҳоди вори айёми ман
Ҳар чаҳ дидам сарв қадат ме фитад
Ларзаи ҳам чун бед бар андоми ман
Бути парастӣ гарчи дар ислом нест
Шуҳра шуд дар бути парастии номи ман
Узви узви ёри ман ҳаряки бтист
Вои ман бар ман зини ҳамаи асноми ман
Ман агар чаҳ сайд ӯ гаштам валек
ӯ аҷаб мурғӣаст андари доми ман
Гӯ мабош аз малики субҳам то ба шом
Рӯй ва мӯӣ ӯст субҳу шоми ман
Қибла ӣ ҷони нзорӣ рӯй ӯст
Ман хами ушшоқам ва ӯ ҷоми ман