Гувоҳаст бар дарди пинҳони ман

Дилу чашми бирёну гирёни ман

Канорам ғадирӣ шавад ҳар сабоҳ

зи чашмони сайлоби борони ман

Ба ҷонат ки мардуми зи ҳиҷрони ту

Чаҳ гӯям дигар охир эй ҷони ман

Ба буии ту зиндаи сети мискини ту

Насимӣ фирист эй гулистони ман

Агар бехудӣ мекунам афв кун

Ки дил нест дар таҳти фармони ман

Дилам бепарешонят ҷамъ нест

Хушо рӯзгори парешони ман

Ту доне ки имони ман куфри тест

Надонад касе рамзи пинҳони ман

Агар куфри зулмат буд пас чарост

Мақомоти зулфи ту имони ман

Нишоед нзории чунин мубтало

Ба дӯд ва ту фориғи зи дармони ман