Касе аз ту маро медиҳад ба васли бишорат
Ба мужда май даҳумаш гар кунад ба дидаи ишорат
Гарми уқубати сад хӯн ноҳақаст ба гардан
Азоби рӯзи фироқат кифоятаст куффорат
Ба юрти гоҳи ту то кӯч кардаанд аз ин ҷо
Ҳазор бор ба рӯзӣ бирафтаам ба зиёрат
Назар ба ҷониб мо кун биё ки ҳиммати дарвеш
Асар кунад ба заъифони мубин ба чашми ҳақорат
Вуҷӯд ҳар ки забон дар ту мекашанд напазиранд
Агар вузӯ кунад аз кавсари биҳишту таҳорат
Туро ба ҳарчӣ кунӣ сар ниҳодаему муродат
Мусалламаст ки соҳиби вилоятӣу аморат
Бигӯигар ҳама талхаст каз ту фӯҳш набошад
Бидон даҳони шукри ханда ӣ латифи иборат
Ба рӯзгори хуросон хотирам напазирад
Харобӣ ӣӣ ки Ироқ фироқ кард иморат
Ҳисоб ҳиҷр накардам тамаъ ба васли ниҳодам
Зиён баҳр надидам зи ҳирси суди тиҷорат
Ба кдиаҳгар шукрӣ мешавад футуҳам аз он лаб
Чаҳ ҷои салтанати Мисри пеши аҳли бсорт
Ба ин таҳаммулу тоқати нзорё ки ту дорӣ
Сафар макун дигар ар зиндаи ворасӣ ба диёрат