Моро бидиҳ аз кавсари хами хонаи шаробӣ

Таъҷил кун эй дӯст ки дорем шитобӣ

Пеши ори сабки ҷоми ҷами ишқ ва бизан зуд

Бар оташи тези ҷигари сӯхтаи обӣ

Он об ба исмаст ва ба феъли оташи сӯзон

Зон оташи сӯзон ҷигарам кард кабобӣ

Мо пок бисӯзем ки худ пок бисӯзанд

Дар коргаҳи ишқи ту сади хом ба тобӣ

Дар мартаба ӣ олами дунё ба зарурат

Тақдир тавон кард хатоеу савобӣ

Дар олам ваҳдат набӯд ҳукми ду ваҷҳе

Он ҷо натавон гуфт ҷамолӣу ниқобӣ

Назораи гуҳ ғайб ҳузураст ва вазин ҷо

Маҳҷӯб надонад ки ҷуз ӯ нест ҳиҷобӣ

Дар дида ӣ ҳар дида ки мустағриқ нураст

Ин гунбади фирӯза буд кам зи ҳубобӣ

Бо ишқ ташаббуҳ накунад ақлу мисолаш

Онаст ки товусӣ созад зи ғробӣ

Ҳаллоҷ набошад на ба даъвӣ на ба маънӣ

Ҳар дузд ки бар дори кашандаш ба танобӣ

Аз сидра нишинон шудаи махсӯси муҳаққиқ

Ҳар лаҳза ба ташрифи камолӣу савобӣ

То худ чаҳ халали олами маъмури ҷаҳон ро

Гар маст бурун шуд зи хароботи харобӣ

Гӯйанд нзории зи пас тавбаи дгрбор

Шуд бо сар меҳаст марои турфаи ҷавобӣ

Аз савмиъа бо мекода рафтам чаҳ шуд охир

Гар ишқи буруни баради хариро зи хлобӣ

Дорад ба муқӣмони хароботи иродат

Ҷой дигараш нест на млҷأ на мобӣ