Хуши айёмӣу хуррами рӯзгорӣ
Ки суҳбати доштам бо ту ёрӣ
Дамӣ кандар фироқат ме барорам
Чаҳ гӯям зиндагонӣ нест борӣ
Чаҳ роҳат бошадаш ҳеҷ аз ҷавонӣ
Касеро каш набошад ғам гусорӣ
Агар бодӣ гузар дорад ба Кувайт
Бибин каз ман набошад бе ғуборӣ
Вагар мурғӣ ба бомат бар нишинад
Буд бар болаш аз ман номаи ворӣ
Хирад бар сабр медорад дилам ро
Қарорӣ медиҳад бо бе қарорӣ
Валикин дар ҳавои васли хуршед
Набошад зарраро баси ихтиёрӣ
Нзорӣ то кӣ эй кӯтаҳи назари ҳон
Ки умрат сарф шуд дар интизорӣ
Бирав ёрӣ ба дастовар ки дунё
Надорад пеши дунёи эътиборӣ