Беш азинм нашавад аз ту муяссар ба сабурӣ

Гар туро ҳаст маро нест дигар тоқати даврӣ

Ҳам чунон ман зи насиҳатгар бе ҳудаи малулам

Ки ту аз суҳбат бе ҳосили ин банда нафаврӣ

Ман агар бо ту набошам зи хаёлам ту набошӣ

Ғоиб эй дида ки чун босира дар айни ҳузурӣ

Агар инанд рақибони ту моро чу ғарибон

Кому ноком бибояд шуд аз ин шаҳри зарурӣ

Сар ба байғӯлаи мо ҳеҷ фурӯи ноидти оре

Манзарати рашк биҳиштаст ва ту худ ғайрати ҳурӣ

Нақши девор ба сӯрат ки ту дории бФрибд

Ҳеҷ айбат накунамгар ба худ аз ҳасани ғаюрӣ

Шаб чу бар боми броиӣу зи бурқаъ ба даройӣ

Ҳам чу анвори таҷаллӣ ба сифат бар ки таврӣ

Ба тамошо ба гулистони шӯу чодари зи ҷамолат

Боз кун то назанад лофи латофати гули сӯрӣ

Шамъу шоҳид ба шаби хилвати мо ҳар ду ту бошӣ

Ки чу хуршеди саропои вуҷӯдати ҳамаи нурӣ

Буи дӯд нафаст роҳат рӯҳаст нзорӣ

Гӯ бисӯзанд чу авдат ки бар оташ чу бихӯрӣ