Бар ман бигузашт даии пагоҳӣ

Сарвӣу фарози сарви моҳӣ

Зебо бару гардану нғўлаҳ

Оростаи кокулу кулоҳӣ

Ошӯби дилии ҳалоки ҷонӣ

Бечора кунӣ , ситезаи хоҳӣ

Гуфтам ки ба бандагони мамлук

Аз кибр намекунӣ нигоҳӣ

Гуфто ки ба ҷониби гадоён

Кам тар кунад илтифоти шоҳӣ

Гуфтам ки агарчӣ ростӣ ро

Дар ҳасан ту нест иштибоҳӣ

Бошад ки ба даст муфлис уфтад

Ногуҳи гуҳарии зи ҷойгоҳӣ

Гуфто ки на Юсуфӣ биёбӣ

Ҳар ҷо ки талаб кунӣ зи чоҳӣ

Гуфтам ки битарс агар худованд

Бахшед турои ҷамолу ҷоҳӣ

Каз оташ андарун бисӯзам

Хирмани гуҳи осмон ба оҳӣ

Гуфт ар ҳама осмон бисӯзӣ

Бар ман ба ҷӯйу ҷӯ ба коҳӣ

Гар аҳли ҳақиқатии нзорӣ

Сокин биншин ба хонақоҳӣ

Як ранги шӯ аз барои солус

Гуҳ сабз мапуашу гуҳи сиёҳӣ

Мардон ба ғараз тамаъ накарданд

Рӯ тавба кун аз чунин гуноҳӣ

Таслим касе ббош ва бар шӯ

Аз гӯша ӣ гулханӣ ба гоҳе

Чун кард ба ростии иқомат

Бар маҳзари ман чунин гувоҳӣ

Ғайрат ба вуҷӯди ман дарафтод

Чун оташи тез дар гиёҳӣ

Гуфтам ба касе намой роҳам

Кӯро ба худоӣ ҳаст роҳӣ

Мармуз ба шайх кард ишорат

Коло дар ӯ дигар паноҳӣ