Чандон бинолам ҳар субҳгоҳӣ

Каз ҳар вуҷӯдӣ бархезад оҳӣ

Чанд аз маломат эй ғофил аз ман

Уфтад изоинҳо ҳам гоҳ гоҳе

Вақте бадоне кин барқи сӯзон

Дар ҷонат уфтад чун дар гиёҳӣ

Бо моҳи рӯегар ишқи бозам

Ошиқ тавон шуд бар ҳасани моҳӣ

Ҳиндӯӣ ӯро шуд чини мусаллам

Кӣ буд чандини ҳади сиёҳӣ

Бо рӯй некӯи маҳбӯби некӯ

Афтодаи Юсуф дар қаъри чоҳӣ

Ман зи остонат рафтан наёрам

Ҳар кас ба ҷое дорад паноҳӣ

Бар дар бимирам таркат нагирам

Бошад ки бошад пеши ту роҳӣ

Ҳар хайли ҳасанат дар ғорати дил

Бар май нишонд ҳар дами сипоҳӣ

Бар қатли мангар маҳзар бабандӣ

Ҳар узв аз ман бошад гувоҳӣ

Аз ҳақ нзорӣ хоҳад ба зорӣ

Ёрии мувофиқ на молу ҷоҳӣ

Дунёу ҳолаш қадре надорад

Бигузашт хоҳӣ бе иштибоҳӣ