Ишқаст на ҳар чунон ки хоҳӣ

Дардасту ниёзи субҳ гоҳе

Аз худ ба дарой то набошӣ

Мавқуфи овомир ва навоҳӣ

Гар зон ки гадои кӯй ӯе

Бар малики вуҷӯди подшоҳӣ

Ту ҳеҷ нае ба худ агар худ

Аз моҳ турост то ба моҳӣ

Нурят бибояд эй хирадманд

Каз зулмати худ даров паноҳӣ

Бевосита ӣ ҳидояти Хизр

Раҳ нест ба чашма дар сиёҳӣ

Давр аз қадами муҳаққиқоне

То мултафити сару кулоҳӣ

Ин нукта бидон ки то чу ақтоб

Восил нашнавӣ туфайли роҳӣ

Бар маҳзари Нитсаатон нзорӣ

Банавис ба хати худ гувоҳӣ

Бо ҳастӣ хештан нагардӣ

Мавсуф ба ҳастӣ алоҳӣ