Ҳаргизати рӯзии ҳавои мо нхост

Охири ин номеҳрбонӣ то куҷост

Мо ба ту муштоқ ва ту аз мо малул

Ошиқ танҳо ба ҳасрат мубталост

Дил ба дил гӯйанд раҳ дорад балӣ

Чун ҳиҷоб аз роҳ бархезад равост

Лек шахси нотавонро низ ҳам

Аз паии пайванд ҷисмонӣ раҷост

Ҷон агар ҷон мефазояд турфа нест

Ҷисми борӣ дар ғами ҳиҷрони бкост

Дӯст кӣ дорад шикебеи зи дӯст

Ман намедонам ки ин тоқат ки рост

Санг дил бошад ба ҳарҳолии сабур

Вар на дар ҳиҷрони ҷон монеъ чарост

Бо дилӣ чун обгинаи ростӣ

Собирӣ кардан на кори ҷинси мост

Як дамаи осоиши дидори дӯст

Пеши донои офаринишро баҳост

эй нзорӣ то ба кӣ аз қилу қол

Гуфту гӯи андари раҳ ваҳдат хатост

Ному нангу куфру дайн ва ҳаст ва нест

Ҳарчӣ ғайр аз дӯст мехоҳӣ ҳавост