Маро ногоҳ пеш омад балое

Хилофи ақл нозил шуд қазоӣ

Дилам гум шуд надонистам куҷо рафт

Нишоне медиҳад ҳар кас ба ҷое

Тафаҳҳус кардам аз қавми мусофир

Магар гуфтам буд мушкили гушойӣ

Яке мегуфт дидам дар хтоиш

Гирифтори каманди дили рибоӣ

Дигар як гуфтам пиндорам ба Кашмӣр

Чунинӣ дидаам қайди балое

Дигар як гуфт ман дидам ба рӯмаш

Чунин афтодаи кори мубталое

Дигар як гуфт не дар Зангбор аст

Чунин девона ӣ занҷири сое

Дигар як гуфт дар Бағдод дидам

Чунин саргашта ӣ шӯрида рое

Дигар як гуфт дидам дар Ироқаш

Надидам лек корашро навое

Дигар гуфт аз хуросонаш талаб кун

Ба ҳар мавзе ки хуш дорад ҳавоӣ

Яке гуфт аз қаҳистон нест берун

Талаб кун дил фурӯзӣ ҷон физойӣ

Ба ғамзаи соҳирии ошиқи фиребӣ

Ба лаби ҷони парварии мӯъҷизи намое

Ҷаҳони орой рӯе дорад алҳақ

Ки хуршедаст дар ҷунбиши сҳое

Нишаста дидамаш ҷое ки дорад

Чу фирдавси барин хуррами фазойӣ

Ба иззат буд бар тоқи ҳилолӣ

Зхт сабз карда муттакое

Чу рамзаш гӯш кардам мутлақан буд

Сифоти абрувони ошноӣ

Нзории вақт он омад ки бодил

Даройӣ аз сари сулҳу ризоӣ

Нишоед кард безорӣ ба як бор

Гар аз вай дрўҷўд ояд хатое

Марви ман баъд бар дунболи дил беш

Бирав биншин ба кунҷи инзивое