Айбам макун ки дӯст надорам рақиб ро

Каз даст ӯ ба хоб набинам ҳабиб ро

Гар ман шикоятӣ кунам аз ғуссаи рақиб

Аз боғбон расад гилае андалеб ро

эй ман ғариби шаҳри ту доне на лоиқ аст

Гар ҷонибии нигоҳи надории ғариб ро

Ман ҷаҳд мекунам ба висолат вале чаҳ суд

Давлат мусоидат накунад бенасиб ро

Бемори ишқу дарди дилу сиҳҳату даво

Мумкин ки дар хаёл нагунҷад табиб ро

Дар мактаби муаллими ишқу маҷоли он

Бошад маҳоли абҷади ҳўзи адиб ро

Бо дӯсти ғами мадори зи душмани нзорё

Бо хештан мабар ба мусаллои салиб ро