Ба дидори туам чандон ниёзаст

Ки шарҳаш чун шаб ҳиҷрон дарозаст

Дигар хобам намегирад ки то рӯз

Ҳамаи шаби чашмам аз андеша бозаст

Ниёзам дар намегирад ҳамоно

Дар умед муштоқон фарозаст

Ту май доне ва ман асрори маълум

Касе дигар надонад кин чаҳ розаст

Вафо мекун ки ҷони аҳли маънӣ

Фидои роҳи ёр пок бозаст

Биноз аз коми ронӣ бар ҷавонӣ

Ки бар моҳат ба хӯбӣ ҷой нозаст

Маро бар сабр талқин мекунад ақл

Валикин ишқ мегуяд муҷозаст

Барояд корҳо бе саъии махлуқ

Ниёз бедилон бо бе ниёзаст

зи мавло истионат кун нзорӣ

Ки дар ҳар ҳол мавло корсозаст