Дар кӯии харобот касеро ки ниёзаст

Ҳушёрӣу мастяши ҳама айн намозаст

Он ҷо напазиранд намозу вараъу зуҳд

Онч аз ту пазиранд дарин кӯй ниёзаст

То мастии риндон харобот бидидам

Дидам ба ҳақиқат ки ҷузин ҷумла муҷозаст

Асрори харобот ба ҷуз маст надонад

Ҳаши ёр чаҳ донад ки дарин кӯй чаҳ розаст

Хоҳӣ ки даруни ҳарами ишқи хиромӣ

Дар мекода биншин ки раҳ каъба дарозаст

Аз май кодаҳо нолаи ҷони сӯзи баромад

Дар замзама ишқ надонам ки чаҳ созаст

Дар зулф батон то чаҳ фиребаст ки пайваст

Маҳмӯди парешони сар зулф Аёзаст

Зон шуъла ки аз рӯй бут ҳасан барафрӯхт

Ҷони ҳамаи муштоқон дар сӯз ва гудозаст

Ҳон то нанаҳй пои дарин роҳ ба бозӣ

Зеро ки дарин роҳи басии шеб ва фарозаст

Чун бар дар май хонаи маро роҳ надоданд

Рафтам ба дар савмиъа дидам ки фарозаст

Овози з май хона бар омад ки нзорӣ

Дрбози ту худро ки дар мекода бозаст