Ман ки бошам ки тўро дӯст надорам эй дӯст
Бо ки афтод нигаҳ кун сару корам эй дӯст
Дили супурдам ба ту ва ҳеҷ тафовут накунад
Гар расад кор ба ҷон ҳам бисипорам эй дӯст
Дар канори манӣ аз рӯй ҳақиқати шабу рӯз
Аз миёни ту ҷудо нест канорам эй дӯст
Охир эй дӯст чу ман дӯст макун душмани ком
Шояд эй дӯст ки фарёд барорам эй дӯст
Чун рақибаст ҳиҷоби гулами он ҳам шояд
Ки шавад дар қадам аз дасти ту хорам эй дӯст
Зуҳра ам нест ки аз дӯст кунам фарёдӣ
Аз нзорӣ бишинав нола ӣ зорам эй дӯст