Диламро ки ҷуз бо ту пайванд нест
Ба дунёу дайни ҳеҷ дар банд нест
Ба сад ваъда ҳар дами фиребаши даҳум
Валикин ба як зарра хурсанд нест
Чаҳ ҳосили зи таълиму танбеҳи ман
Чу ҳеҷаш қабулят панд нест
Чаҳ тадбири созам ки домони сабр
Ба дасти ман орзӯманд нест
Агар беш тоқат надорам равост
Ки боРом кам аз кӯҳ алванд нест
Муқаллид буд бандае муътақид
Ки таслими ҳукм худованд нест
Ту доне ки бар қавли худ содиқам
Вафодори муҳтоҷ савганд нест
Ба аҳду вафо ва ба ҳасану ҷамол
Маро ва туро ҳеҷ монанд нест
Диламро ба ҳоли нзории назар
Бигӯ андакӣ ҳаст агар чанд нест