Илми аллоҳ ки дигар тоқат ҳиҷронам нест

Бе вуҷӯдати фараҳӣ дар тан беҷонам нест

Ҷамъ чун бошаму осӯдаи дилу хуши хотир

Дайр шуд то ба кафи он зулф парешонам нест

Шудам аз нақши хаёли ту чу сӯзани борӣк

Микшми дарду сари ришта ба фармонам нест

Гар ишорат буд аз дӯст чаҳ бок аз душман

Рӯй дар каъба буд хавф биёбонам нест

Ба сари хеш неам сокини ин кунҷ чу ганҷ

Ҷузи таҳаммул чаҳ тавон кард чу дармонам нест

Нест бо мазҳабу дайни дгронми корӣ

Кофарамгар ба сари зулфи ту имонам нест

Дорам аз ғояти ташвиш , сиррии савдое

Вар шавад дар сари судот пушаймонам нест

Аз ту маҳрӯм раво нест чу ман мазлӯмӣ

Гӯии тақдир вале дар хам чавгонам нест

Сахт корӣаст пас аз аҳди вафо , навмидӣ

Ростии қатъи таваққуъи зи ту осонам нест

Ту Марв аз сари паймони нзорӣ ва агар

Баравад бар сари ман теғ , ғам онам нест