Ғоиб нашуд замонӣ аз хотирами хаёлат

Дар пеш чашм дорам ойӣнаи ҷамолат

Ҳар бомдод дидани рӯят хуҷаста бошад

Фаррух касе ки гирад бар хештан ба фолат

Сар бар хат иродат дорему дида бар дар

То кӣ диҳанд моро парвонаи висолат

Дилҳо нисори пояти ҷонҳо фидоӣ науммат

Гар хӯн мо бирезӣ ин низ ҳам ҳалолат

Бо нақши банди аввал сӯрат кунад науфтад

Аз нӯки калаки қудрати як нуқтаи ҳамчуи холат

Исо нафас наёрад бо мӯъҷизи даҳонат

Мӯсо назар бидӯзад аз партави ҷалолат

Вақте ки хашмнокӣ , бо мо итоб ме кун

Бар ҳам мазан ҷаҳонӣ каз мо буд малолат

Гуфтам ҳамаи туроам худро талоқ додам

То бӯ ки маҳви гирдам дар ҳастӣ камолат

Гуфтои қадами надорӣ то кӣ дам эй нзорӣ

Бас кун ки дар нагирад бо мо ба қилу қолат