Ҳалқам бигирад он дам агар шод бугзарад

Кондишаҳи хаёли ту аз ёд бугзарад

Гуфтам бинолам аз ту чунонам ки дар нафас

Чандон маҷол нест ки фарёд бугзарад

Гуфтам ба пеши тири ғамати дил сипар кунам

Пайкони ғамзаи ту з пӯлод бугзарад

Бар ҳар ки бигузарӣ бабрии ҷонаш эй аҷаб

Сарвӣу сарви ҳамчуи ту озод бугзарад

Ширин ба нози хуфта ва дар шарт ишқ нест

Гар хоб бар ду дида Фарҳод бугзарад

Панд падар намешавадам истимоъ вагар

Ҳарфии ғалат ба самъ дарафтод бугзарад

Сӣ норасидаи умр чаро тавба ме кунам

Вар низ ҳафт бори з ҳафтод бугзарад

Устоди мости воъизи ишқ ва сутӯда нест

Шогирд каз насиҳат устод бугзарад

Ғофил машав зи каъбаи паймони мо ки умр

То бенгарӣ чу ғофила бод бугзарад

Дар назъ риҳлатаст нзории дамии биё

То чун нафас ба қатъ расад шод бугзарад