Замонаи аҳду вафои оқибати з сар гирад

МФорқти зи миёни ман ва ту баргирад

Марои ту ҷону ҷаҳонӣу хок бар сари дил

Агар ба ҷои ту ҳаргиз касе дигар гирад

Чу дил ҳар оина дар кор дӯст хоҳад шуд

Чаро ба ҳарза касе ёр мухтасар гирад

Муҳиби содиқи ҳам хона бало бошад

Фидои дӯст чаро аз бало ҳазар гирад

Ба васл даст намегирадам фироқи ҳабиб

Ки донад ореи оқибат магар гирад

Аҷаби мадор ки инсони кушта зинда шавад

Кигар сараш баравад дӯстии з сар гирад

Ҳазари зи машъалаи ишқ каз ҳарорати шавқ

Ба як шарар дару девори ақл дар гирад

Нзорӣ аз садафи сина ҳар замон бе дӯст

Чу абри домани афлок дар гуҳар гирад