То бо миннати ин малол бошад

Кӣ бо миннат иттисол бошад

Ҳар чанд ки суҳбати гадоӣ

Бо Подшаҳӣ маҳол бошад

Натавон донист ҳам бакӯшам

Бошад ки магар висол бошад

Гар ҳасан кунад шигифт набӯд

Онро ки чунин ҷамол бошад

Ҷузи хок дар ту оташи дил

Нанишонд агар зулол бошад

Андеша намекунӣ ки чандин

Бедоду ситам вабол бошад

Аз кӯии ту ҷони баради нзорӣ

Ҳаргизи набард хаёл бошад