Маро агар чу ду чашмати ҳазор ҷон бошад

Чу ҳалқаи камарат бо ту дар миён бошад

Гар устихони танами ҳам чу серума хок шавад

Ҳануз буи туам дар машом ҷон бошад

Чаҳ гӯнаи сӯрати ширин ҳануз дар санг аст

Хаёл рӯй ту дар чашми ман чунон бошад

Каманди зулфи ту дар гарданами ҳамеи тобад

Чу хӯн ба гардани золим ки ҷовдон бошад

Ман аз миён биравам чун ту дар миёни ое

Муҳаббати азалиро ҳамин нишон бошад

Ҷаҳон ба рӯй чу моҳи ту хуррамаст ва ба лутф

Муқобили ту на мумкин ки дар ҷаҳон бошад

Даҳонат ар ба ҳаловат набот нест чаро

Чу чашмаи Хизраши сабза бар карон бошад

Лабаш ҳар ина кӣ бошад аз Хизри холӣ

Касе ки чашмаи ҳайвонаш дар даҳон бошад

Ба рағми ман сари зулфат ба дасти боди сабо

Мада ки ғайрати ман бештар аз он бошад

Бапуш рӯй зи кӯтаҳи назар ки суҳбат ӯ

Гарон буд пас агар чанд ройгон бошад

Макун дар оина рӯй накӯи нигоҳи басӣ

Ки ошиқ аз паии маъшӯқи бад гумон бошад

Ба дӯстӣ ки висоли туам чунон бояд

Ки ҳам чу сӯрати ҷон аз назар ниҳон бошад

Қабул кун зи нзории ҳадиси ишқи вмгўӣ

Ки лофи муддаӣон бар сар забон бошад

Ба гӯш ҷон бишинав каз миён ҷон гуяд

Ҳикоятӣ ки дарави сар ошиқон бошад