Марди дунё на аҳл дайн бошад
бадгумони мункир яқин бошад
Орифони сокин харобот анд
Ҳам чу ганҷӣ ки дар замин бошад
Ҳар ки маст омад аз шароби аласт
Абадан доимо чунин бошад
Мастӣ ва бехудӣ кунад пеша
Кори шӯридагон ҳамин бошад
Дар сарой муҷоз нест аҷаб
Заҳр агар ёр ангабин бошад
Нӯш бенеш нест дар дунё
Ғунча бо хор ҳам нишин бошад
Он сарой бақост кандар вай
Меҳр беинтиқом кин бошад
Дил ки бошад чу муми нақш пазир
Ҳалқаи ишқро нигин бошад
Сангро дил махон ки сангини дил
Дувуми ҳорис лъин бошад
Ҳолиё нақди вақт ӯ дорад
Ҳар киро ҳам дамӣ қарин бошад
Дӯстонро ба чашми дил дидан
Кори мардони рост байн бошад
Боз монад зи иттисол ба дӯст
Ҳар ки мавқуфи ҳур айн бошад
Маҳв дар зоти дӯст бояд шуд
То фароғати зи куфр ва дайн бошад
Ҳар касеро тасаввурӣ дигараст
Эътиқоди нзорӣ ин бошад