Дилам то кӣ чунин девона бошад
Чароғи ишқро парвона бошад
Ба ваҷҳе чун сараши савдои гирифта
Раво бошад агар девона бошад
Ба дигари ваҷҳи риндии пок боз аст
Ки кунҷи гулханаш кошона бошад
Ҷами вақтам вале дар маснади ишқ
На чун ҷғдм ки дар вайрона бошад
Касеро дӯст медорам ки бо ман
Ҳамеша ҳамдам ва ҳам хона бошад
Маро бояд ки дар паймони ман ёр
Чу май лаб бар лаб паймона бошад
Агар хоҳӣ ки бошӣ паҳливонӣ
з худ бигурез то мардона бошад
Нзории маҳви шӯ дар зарроти маҳбӯб
Сухани ину ҷузи ин афсона бошад
Касеро иқтидор ишқ боист
Ки чун ман бо хирад бегона бошад