Маро то бо ту афтодаи сети пайванд
На дар гӯшам насиҳат рафт на панд
Дилам бар май ҷаҳд ҳар лаҳза аз ҷой
Ба дидорати чунонам орзӯманд
Надорам сабр агар бовари надорӣ
Бигир инак биёи дастам ба савганд
Ки на расми муҳаббати ман ниҳодам
Бирафтааст аз азали ҳукми худованд
зи боми осмони устоди фитрат
Баромади дайр то ин ташт бификанад
Дилам чунаст дар сӯги висолат
Чу модар дар фироқи куштаи фарзанд
Агар дар заҷр мекушед ҳар бор
Фироқи ин боРом аз бунёд барканд
Ҳазорон чашма аз чашмам равон аст
Ки сангинтар ғамӣ дорам зи алванд
Даҳоне дорам аз ҳиҷрон ба талхӣ
Чу ҳанзал аз лабии ширинтар аз қанд
Худоё носипосӣ нест лекин
Надонам ҳиҷр то кӣ , сабр то чанд
Бар оташи боди ҷонаш каз таассуб
Намак бар риш маҷрӯҳам пароканд
Набошад ҷони муштоқон бе дил
зи ҷонон беш аз ин маҳҷӯр хурсанд
Нзориро туе ҷони гиромӣ
Тан бечора беҷон беш мапаснд