Ҳеҷ бошад ки сафар карда мо бозояд

Ба ҷафо рафт ҳамоно ба вафо боз ояд

Тарсами он тарки хтоиӣ ба хато майл кунад

Чун хтоиӣ сет набояд ба хато бозояд

Шармам ояд зи хаёлаш ки ба кас дар нагарм

Меҳр бар дида ва дил дорам то бозояд

Номае аз дили пурдард равон хоҳам кард

То магари ҳоҷатам аз роҳ раво бозояд

Дасти умед ба домони саҳар бояд зад

Барам ар ёр бияёд ба дуо бозояд

Субҳдами дӯшии паёмӣ ба сабо додам ва рафт

Интизораст ки ҳар лаҳза сабо бозояд

Чанд бар оташи меҳнат ҷигарам хоҳад сӯхт

Бӯ ки обӣ ба рухи давлати мо боз ояд

Давлат аз фазл худо ёфта будам чу бирафт

Чашм дорам ки ҳам аз фазл худо бозояд

Чанд гӯям ки нзории зи фалон боз омад

Ба куҷо рафт нзорӣу куҷо боз ояд