Гар худои давлат ва бахтам диҳаду умри дароз
Дида равшан кунам аз хоки сари кӯии ту боз
Остонат ба тазаррӯъи з худо ме хоҳам
Ки накарда сет касе ҷуз ба ниёзи ин дар боз
Кас надонам ки дар ин вартаи маро чора кунад
Ману даргоҳи худованди таъолӣу ниёз
Рӯй дар рӯй ту мехоҳаму кунҷии ҳамаи умр
Бар ҳамаи халқ ҷаҳон карда дар инси фароз
Ман таассуб накунам ҳаркии маро айб кунад
Қавли бдгўии яқинам ки маҳоласту муҷоз
Оташи сӯхта аз хом напурсед оре
Мункир ишқ надорад хабар аз олами роз
Ҷигарам хӯн шуд аз андеша бе ҳам нафасӣ
Муҳаррамии кӯ ки бадви қисса тавон кард оғоз
Булбулонро буд охир ки биноланд ба ҳол
Ман худ он Зуҳра надорам ки барорам овоз
Сари худ низ ҳамм нест ки аз сояи худ
Ҳастам аз бими гурезанда ва чу тиҳу аз боз
Дӯш бо дили зи парешоне худ ме гуфтам
Ту бад-ӣни муҳташами афкандае аз неъмату ноз
Гуфт оре ки на ҳамвора шаби васл буд
Рўзкӣ чанд сабурӣ кун ва бо ҳиҷр бисоз
Кас наёрад ба ҳияли домани тақдир ба каф
Дасти тадбир чаҳ кӯтоҳи нзорӣ чаҳ дароз
Майли мурғ аз тарафи донау ғофил ки қазо
Ба сари доми бало май барадаш дар парвоз