Корвон барбаст бору раҳи дароз
Барги роҳу тӯша манзил бисоз
Дар сулӯки имтиҳон беузру дафъ
Раҳнавардии чуст бояд чашми боз
То намонад аз рафиқони бозпас
Бештар ҳосил кунад хати ҷавоз
Дард бедармон ки мегӯйанд ҳирс
Роҳ бепоён ки мегӯйанд оз
Кӯтаҳаст айёми умр бе сабот
Манзили озу амли давру дароз
Пас равони аҳл оро ме кунанд
Аз мақомоти камолоти эҳтироз
Пишўоёншон ба асфал ме баранд
з он намеёранд бӯдани сарфароз
Даъвии исмат маҳоласт аз ҷанб
Зишт бошад бар мусалло бе намоз
Ғорату тороҷу қатлу муътақид
Адлу инсофу амон ва тарк тоз
Дар миёни ҳалқаи покони ҳақ
Хештанро кӣ тавонад кард газ
Наъли пешонӣ чу санадони пеши дор
Варна натавон карду даъвӣ бар муҷоз