Агарчӣ дил ба касе дод , ҷони мост ҳануз

Ба ҷон ӯ ки дилам бар сар вафост ҳануз

Надонам аз паии чандини ҷафо ки бар ман кард

Нишони меҳри ваии андар дилам чарост ҳануз

Ба лоба бо дил гуфтам з хотираш бигзор

Ҷавоб дод фулонӣ магар куҷост ҳануз

Чу мурда бошам агар бугзарад зи хоки лаҳад

Ҳазор наъра барорам ки ҷони мост ҳануз

Куҷост хонаи қозӣ ки дар мақолати ишқ

Миёни ошиқ ва маъшӯқ моҷарост ҳануз

Адоват аз қабл он шикаста паймон аст

Вагарна аз тарафи мо ҳамон сафост ҳануз

Ниёзмандии ман дар қалам наме гунҷад

Қиёс кардам аз андоза моварост ҳануз

Биё ва рӯй зи ман бар мтобу дастами гир

Ки дар серуми зи ту ошӯбу фитнаҳост ҳануз

Салом ман бирасон эй сабо ба ёр ва бигӯӣ

Ки хотир аз сари аҳди ту брнхост ҳануз

Ҳикояташ кун агар пурсад аз нзории зор

Ки чун ба дарди ту бечора мубталост ҳануз