Гар ба ҷонони зиндае ҷон гӯ мабош
Ҳиҷр бошад васли ҷонон гӯ мабош
Дардро ҳам дард дармонасту бас
Дарди моро ҳеҷ дармон гӯ мабош
Мо з манзил фориғем инак қадам
Роҳи моро ҳеҷ поён гӯ мабош
То қиёмати маст ӯ хоҳем буд
Ишқи моро ҳеҷ нуқсон гӯ мабош
Марди тартиб ва такаллуф нестем
Кори моро ҳеҷ сомон гӯ мабош
Шамъи моро ҳеҷ нурӣ гӯ мабахш
Куфри моро ҳеҷ имон гӯ мабош
Чун з мо бархест таклифи қалам
Ҳарфи моро ҳеҷ бурҳон гӯ мабош
Хулди даравишони содиқ хилват аст
Хулди моро ҳеҷ ризвон гӯ мабош
Чун нзорӣ ҳаст мо худ нестем
Меҳр агар бошад сулаймон гӯ мабош