Дӯст медорам хумори чашми масташ
Ва оннигору нақш бар симинаи дасташ
Аз куҷо гӯям ки аз сар то ба поиш
Дар никуӣ ҳар чаҳ битавон гуфт ҳасташ
Сарвро бо он баландӣ ғайрат ояд
Аз қиёмат кардани болои пасташ
Гар намӯдорӣ ба чин уфтад зи рӯйиш
Қибла созад мардуми сӯрати парастиш
Ҳар киро бархест аз савдоӣ ӯ дил
Дам ба дами Меҳрӣ дигар дар ҷон нишасташ
эй дариғо тавбаи даҳ солаи ман
Гарчи муҳкам буд ҳам дар ҳам шикасташ
Халқ мегуяд нзориро чунин дил
Дар чунон шухӣ намебоист басташ
Аз қазои ишқи натавонади бҷстн
Бас ки ҷон аз таънаи душмани бхстш