Онро ки гумон шавад яқинаш

Бархест ҳамаи ҷаҳон ба кинаш

Онро ки з буд худ бурун шуд

Бар сидра кунанд офариниш

Он амр ки ақл аз ӯст фоиз

Ишқаст вале магӯ чунинаш

Он меҳр ки доштӣ сулаймон

Доне ки чаҳ буд бар нигинаш

Ту ҳеҷ мабош то ббошд

Маҳкӯми ту кули офариниш

Аз хеш ба дар намешавад ақл

То ишқ намешавад қаринаш

Ҷононаи мо висол карда сет

Аммо ту ба чашми худ мубинаш

ӯро натавон ба чашм шак дид

Ало ки ба дидаи яқинаш

эй боди сабои зи мо фурӯи гӯй

Ҳарфӣ ба ду гӯши нозанинаш

Мардему з мо намекунад ёд

Бар гӯии ҳикоятӣ аз инаш

Чун ҳалқа расад магар ба гӯшаш

Зории нзории ҳазинаш