Ҳамаро шодӣу морои ғами ҷононаи хеш
Ҳама бо ҳамдам ва мо бо дили девонаи хеш
Мубталои ғам ва меҳнат зада ҳиҷронем
Ошно ношуда бо дилбари бегонаи хеш
Бар сари оташ ва обем зи чашму дили худ
Чанд сӯзем дар ин танги қафаси хонаи хеш
Ҳар дами ин сӯхтаи парвонаи мо яъне дил
Ҷон ба каф бар наад аз ҳиммати мардона ӣ хеш
Рост чун ҷғд гирифтам ба харобии маскан
На ки чун ганҷ ниҳонем ба вайронаи хеш
Гар замонии зи пас парда бурун ояд дӯст
Пеши он шамъ бисӯзем зи парвонаи хеш
Мард агар мӯътакифи хок дар дӯст буд
Ба ки бар маснади таъзим ба кошонаи хеш
Сол ҳо шуд ки ба дарёӣ адам ғаввосем
То вуҷӯдӣ ба кафи ореми зи дурдонаи хеш
Ҳони нзории матлаби софи зи хами хонаи даҳр
Чунки дар дард задем аввали паймона ӣ хеш